Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир расонида мешавад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандоне, ки аз таъсири пандемияи COVID-19 дар кишварҳои минтақаи Аврупо боз мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайри махсуси навбатӣ ташкил карда мешавад.
Хатсайри махсус тавассути ширкати ҳавоии “Сомон Эйр”-SZ102 рузи 28 июли соли ҷорӣ соати 12:30 (бо вақти Франкфурт) ба самти Франкфурт-Душанбе (Терминали 1) ба нақша гирифта шудааст.
Шаҳрвандон метавонанд маълумоти бештарро оид ба нарх ва расмиёти харидорӣ намудани чиптаҳо (Франкфурт-Душанбе) мустақиман аз намояндагони ширкати “Сомон Эйр” тавассути шумораи тамоси зер пайдо кунанд.
Мушаххасоти тамос: +992 (44) 640 40 49, +992 (44) 640 40 50, +992 93 7777 459, Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Шаҳрвандон уҳдадоранд, то парвозҳои худро аз Лондон то Франкфурт шахсан ба танзим дароранд. Хоҳишмандем, зимни харидорӣ намудани чиптаҳо дар самти Лондон-Франкфурт ба вақти парвоз диққат диҳед. Ҳадди аққал 3 соат қабл аз парвози махсус ба фурудгоҳи байналмилалии Франкфурт ҳозир шавед. Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон дар Британия расонида мешавад, ки қабл аз парвоз ба самти Франкфурт мавзуи интиқоли бағоҷҳоро бо масъулини ширкати ҳавопаймоии хизматрасон аз самти Лондон-Франкфурт ҳамоҳанг намуда, дархост намоянд, то бағожи онҳо то шаҳри Душанбе таҳвил дода шавад (check baggage to final destination).
Бар асоси маълумоти Сафорати Германия дар Лондон, шаҳрвандони Тоҷикистон зимни ин сафар метавонанд аз майдони транзитии фурудгоҳи Франкфурт истифода баранд. Берун баромадан аз майдони транзитӣ танҳо дар сурати доштани раводиди “Шенген” имконпазир аст.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир
ва Ирландияи Шимолӣ
Phone: 020 8167 7244 (option 1)
Mob: +447828881988
Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.