Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир расонида мешавад, ки дар таърихи 11 октябри соли 2020 аз соати 6 то соати 20:00 ба муносибати маъракаи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Лондон, дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст.
Сафорат кулли ҳамватанони муқими Британияи Кабирро, ки ба сину соли 18 расидаанд, барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ даъват менамояд.
Ба диққати шаҳрвандони муҳтарам расонида мешавад, ки ҳангоми ҳозир шудан ба ҳавзаи интихоботӣ бо худ шиносномаи хориҷӣ, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунад, дошта бошанд.
Ҳамзамон, аз шаҳрвандон изҳори хоҳиш мегардад, ки коидаҳои беҳдоштии кишвари иқомат оид ба Ковид-19, яъне пушидани ниқоби руй ва масофаи иҷтимоиро риоя намоянд.
Суроға:
110 Clarendon Rd, Notting Hill,
London, W11 2HR