Enactus (entrepreneurial action for us) is a world-known international community of students, academic and business leaders from 36 countries committed using the power of entrepreneurial action to transform lives and shape a better world, initiating business innovation with integrity and passion.
ИСТИҚБОЛИ НАВОВАРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОН!
29 сентябри соли ҷорӣ дастаи миллии навоварони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дафтари Сафорат дар шаҳри Лондон ташриф оварданд. Сараввал Сафорат онҳоро барои баромади таассуротбахшашон дар чорабинии Ҷоми ҷаҳони Enactus-2017 сипосгузорӣ намуда, сипас нақшаҳо ва фаъолияти ояндаи онҳо дар доираи ташкилоти Enactus мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Қобили ёдоварист, ки ҳафтаи ҷорӣ дастаи миллии навоварони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба навовариҳои соҳибкорӣ зери унвони Ҷоми ҷаҳони Enactus-2017 (Enactus World Cup-2017), ки рӯзҳои 26-28 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Лондон баргузор гардид, ширкат варзида, лоиҳаҳои инноватсионии худро манзури иштирокдорони чорабинӣ намуданд ва бад ин васила симои мусбати Ватани маҳбуби худ - Тоҷикистонро дар миёни дастаҳои миллии 36 кишвари дунё муаррифӣ намуданд.
Ташкилоти Enactus (фаъолияти соҳибкорӣ барои мо) як ҷамъияти байналмилалӣ ба шумор рафта, донишҷӯён, намояндагони илму адаб, соҳибкорони ҷавонро аз 36 кишвари ҷаҳон ҷамъ оварда, бо истифода аз ин нерӯи бузург барои пешбурди навовариҳои муосир ва ташаккули ҷаҳони беҳтар фаъолияти худро ба роҳ мондааст.