Зимни вохӯрӣ аз ҷониби Сафорат ба иштирокдорон оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои бахши консулӣ маълумоти муфассал дода шуда, бори дигар омодагии Сафорат ҷиҳати баррасии холисона ва саривақтии дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон дар доираи имқониятҳои мавҷуда иброз карда шуд.
Ҳамзамон дар рафти мулоқот роҷеъ ба ҳамкориҳои муштараки Сафорат бо ҷамъияти Тоҷикистону Британия Кабир “Пайванд” ва созмони хайриявии “Тоҷикинвест” ва инчунин ташкили чорабниҳои минбаъда гуфта гузашта шуд.
Ҳамзамон, дар ҷамъомади мазкур ба таваҷҷуҳи ҳозирин маълумоти муфассал дар бораи дастовардҳои назарраси Ҳукумати Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати ҷумҳурӣ нисбат ба дастгирии ҷавонон расонида шуд. Таъкид карда шуд, ки Сафорат дар партави эълоншавии соли 2017- Соли ҷавонон дастгирии худро ба иштироки ҳамаҷонибаи тоҷикони ҷавони муқими Британияи Кабир дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон идома медиҳад.
Сипас, миёни иштирокдорони нишаст мубодилаи афкор бо таври фаъол дар робита ба масъалаҳои болозикр сурат гирифта, дар натиҷаи он пешниҳодҳо ва ташаббусҳои ҳозирин оид ба корҳои муштараки оянда матраҳ гардиданд.